Ссылки доступа

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони куштор дар Қирғизистон


Як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони куштори қирғизистоние дар вилояти Бодканди Қирғизистон боздошт шудааст.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки гумонбари 53-сола пештар бо айби содир кардани ҷиноят дар Узбекистон ба ҳабс маҳкум шуда буд. Гумон бо роҳҳои ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шудааст, менависанд расонаҳо бо такя ба мақомоти Қирғизистон. Гумонбар дар деҳаи Самарқандаки ноҳияи Бодканд боздошт шудааст.

Пулис хабар дод, ки як сокини 58-солаи шаҳри Исфанаи Қирғизистон нопадид шудааст. Мақомот ҷасади сокини 58-соларо аз анбори чойхонае пайдо карданд, ки онҷо кор мекард.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG