Дар номаи Бастрикин ба Путин дар бораи мушкилоти муҳоҷирон дар Русия ҳушдор дода шудааст, ки "низоъҳои маҳаллии шаҳрвандони хориҷӣ метавонад ба бетартибии дастаҷамъӣ дар хиёбонҳо печад".
Раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, узбекҳо, қирғизҳо, тоҷикон ва "муҳоҷирони хашин" "вазъро мушкилтар сохта" русҳоро ба ташкили "гуруҳҳои миллӣ" водор кардаанд.
Ба ҳисоби Бастрикин, танҳо дар 11 моҳи соли 2021 шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия даст ба беш аз 33,5 ҷиноят задаанд.
Дар номаи Александр Бастрикин дар бораи руҳияи ҷомеаи Русия низ гуфта шуда, қайд гаштааст, "шаҳрвандони Русия аз ин ки муҳоҷирон бахши хидматрасонии маиширо "монополия" кардаанд, сахт нигаронанд".
Раиси Кумитаи Русия хостааст, қонунгузории муҳоҷират сахттар карда шавад. Аз ҷумла, корфармо вазифадор шавад, ки ба муҳоҷирон ҷои хобу пули нақлиётро таъмин кунад ва ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ аз қайди гемономӣ гузаронида шаванд. Барои нигоҳ доштани мувозинати этнофарҳангии аҳолӣ дар шаҳрҳои калон низ чораҳо андешида шавад.