Ссылки доступа

Дар вилояти Мангистауи Қазоқистон коргарони се корхонаи дигар талаби маоши бештар доранд


Коргарони се корхонаи дигар дар вилояти Мангистауи Қазоқистон бо нашри як муроҷиати видеоӣ унвонии президенти Қазоқистон талаби маоши бештар ва беҳсозии шароити кориро карданд.

Коргарони ширкат "ПЧ-12" дар деҳаи Сайотеси ноҳияи Мангистау мегӯянд, "маҳсулот қимат мешавад, пардохтҳои коммуналӣ меафзояд, дору гарон мешавад, маош кам аст. Мо тала дорем, ки моҳонаи мо на камтар аз 1100 доллар дар моҳ бошад".

Оғози ҳафта кормандони ширкати коммуналии Мангистау ва ширкати нафткаши "Амир Ойл" бо айни чунин талаб ба президенти Қазоқистон муроҷиат карда буданд.

Эътирозу талаби коргарон дар вилояти Мангистау Қазоқистон аз ибтидои моҳи феврал шуруъ шуд. Коргарони ширкати KMG-Security баъди эътирозу талабҳо ба хостаҳояш дар мавриди маоши бештар расиданд.

XS
SM
MD
LG