Ссылки доступа

Як вакили пешини порлумони Қирғизистон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд


Алиёрбек Абжалиев, вакили пешини порлумони Қирғизистон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд.

Як шаҳрванди Қирғизистон шикоят кардааст, ки Абжалиев замони вакилиаш ба вай дар ҳаҷми 2 млн доллар зиён расонидааст.

Мақомоти Қирғизистон дар ҷараёни тафтишот даъвои шаҳрвандро нисбати вакили пешини порлумон тасдиқ ва нисбати вакил бо моддаи "Қаллобӣ" парванда кушодаанд. Додгоҳ Абжалиевро рӯзи 10 феврал ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки парвандаи дигар нисбати Абжалиев баста шудааст. Пештар ӯро дар "Сарватандузии ғайриқонунӣ" айбдор мекарданд. Абжалиев дар доираи парвандаи пешин 20 млн сом (ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ) ба давлат пардохт.

XS
SM
MD
LG