Ссылки доступа

Расонаҳо: Узбекистон аз ИМА бар ивази $8,5 млн бесарнишин мехарад


Узбекистон аз ИМА 38 бесарнишини иктишофии навъи Puma 3 AE харидорӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи бритониёии Shephard Media хабар дод.

Ба иттилои ин нашрия, бесарнишинҳо то охири моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Узбекистон расонида хоҳанд шуд.

Маҷмуи арзиши ин доду гирифт 8,54 млн долларро ташкил медиҳад. Ба ин тартиб, Узбекистон ҳар кадом бесарнишин ё дронро ба қимати 225 ҳазор доллар харидорӣ мекунад.

Дронҳои мазкур иқтидори иктишофи хушкӣ ва обиро доранд ва бо дурбинҳо дорои сифати 15 мегапиксел навори видеоӣ мегиранд.

Ин дар ҳолест, ки пештар аз ин Кумитаи давлатии саноати мудофиаи Узбекистон гуфта буд, ин кишвар нахустин шуда дар Осиёи Марказӣ бесарнишинҳои худро сохта аст.

XS
SM
MD
LG