Ссылки доступа

Дар натиҷаи таркиш дар бемористони Узбекистон як қирғизистонӣ ҷон бохтааст (видео)


Дар натиҷаи таркиш дар як беморхонаи ноҳияи Шаҳрихони Узбекистон шаҳрванди Қирғизистон, соли таваллудаш 1966 ҷон бохтааст.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, таркиш дар маркази ташхису табобатии "Зитерия"-и Шаҳрихони вилояти Андиҷони Узбекистон 11 феврали соли равон рух додааст. Манбаъ афзуда, ки ҷасади шаҳрванди Қирғизистон ба ватан интиқол ёфтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои бехатарӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Пештар бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки таркиш дар бемористони хусусӣ рух дода, дар натиҷаи он дасти кам, як нафар - зани 56-сола ба ҳалокат расидааст. Додситонии кулли Узбекистон шумори осебдидагон аз ин таркишро 11 нафар номида буд.

XS
SM
MD
LG