Ссылки доступа

Толибон ба минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистону Узбекистон нерӯ мефиристад


Гуруҳи Толибон гуфтааст, ба ноҳияҳои ҳаммарзи Афғонистон бо Узбекистону Тоҷикистон ҳазорҳо ҷангҷӯ ва техникаҳои низомӣ мефиристад.

Дар ин бора сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Толибон қорӣ Фасеҳуддин Фитрат ба хабаргузории "Интерфакс" иттилоъ додааст.

Намояндаи расмии Толибон гуфтааст, 10 ҳазор сарбоз бо техникаҳои пешрафтаи ҳарбии НАТО ва низомҳои ИМА зидди ҳамагуна амалиётҳои низомӣ дар минтақаҳои шимолу шарқи Афғонистон чора хоҳанд андешид.

Фитрат афзудааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ барои дастгирии ин "қувваи бузург" дар кутоҳтарин муддат омода мешаванд.

Вилоятҳои Қундуз, Тахору Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистон ва вилояти Балхи он бо Узбекистон ҳаммарз ҳастанд.

XS
SM
MD
LG