Ссылки доступа

Посухи Русия ба Украина: "фаъолияти ғайриодии низомӣ анҷом намедиҳем"


Русия дар посух ба Украина гуфтааст, ки дар қаламрави худ ҳеч гуна "фаъолияти ғайриодии низомӣ" анҷом намедиҳад. Москва баръакс, Киевро барои омодагӣ ба амалиёте дар Донбасс айбдор кардааст.

Украина пештар тавассути механизмҳои Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо аз Русия дар бораи фаъолиятҳои низомияш дар марз бо ин кишвар ва нимҷазираи ишғолии Қрим маълумот пурсида буд.

Пештар вазири умури хориҷии Украина Дмитрий Кулеба хабар дода буд, ки Русия ба дархости онҳо дар ин замина посух надод ва бинобар ин, маҷбур шуданд, ки тавассути механизмҳои САҲА дархост кунанд.

Дар посухи Русия ба Украина, аз ҷумла гуфта шудааст, "Москва "ҳамаи далелҳо"-ро дошт, ки дархости Киевро нодида бигирад, зеро дар он роҷеъ ба Қрим "изҳороти иғвоанғезона" дида мешавад". Ҳамчунин қайд шудааст, ки Русия дар қаламрави худ ҳеч гуна фаъолияти ғайриодии низомӣ анҷом намедиҳад.

Мақомоти Русия гуфтаанд, гӯиё беш аз 120 ҳазор низомии Украина барои амалиёти ҷангӣ дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск омодагӣ мебинанд.

XS
SM
MD
LG