Ба иттилои расонаҳо, сафорат аз узбекистониҳои Украина даъват кардааст, ки "иттилои носанҷида паҳн насозанд ва ба хабарҳои дурӯғ эътибор надиҳанд".
Ҳамзамон дипломатҳо гуфтаанд, ки сафорати Узбекистон бо мақомоти Украина дар иртиботи доимӣ аст ва дар сурати сар задани ҳодисае аз узбекистонҳо даъват мекунанд, ки бо сафорат иртибот бигиранд.
Дар сафорат илова карданд, ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба парвозҳои доимӣ ба Киев идома медиҳад ва хоҳишмандон метавонанд, аз Украина ба Узбекистон баргарданд.
Пештар хабар дода шуд, ки бештар аз 30 кишвар аз шаҳрвандонашон хостанд, ки Украинаро тарк кунанд.