Ссылки доступа

Сухангӯи Тоқаев роҳбари ширкати телевизион ва радиои Қазоқистон шуд


Берик Уалӣ, котиби матбуотии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев роҳбари шӯрои мудирони ширкати давлатии телевизион ва радиои "Қазоқистон" шуд.

То ин замон курсии раисии шӯрои мудирони ширкати мазкурро Айдос Укибай, сухангӯи Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон ишғол карда буд.

Берик Уалӣ аз 22 марти соли 2019 ба ин тараф котиби матбуотии Тоқаев буд.

Дар гузашта Уалӣ рӯзноманигор ва муҳаррири барномаҳои иттилоӣ буд ва дар мақомҳои давлатӣ низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG