Ссылки доступа

Зеленский 16 февралро Рӯзи ваҳдати Украина эълом кард


Владимир Зеленский, президенти Украина дар як муроҷиат ба мардуми кишвараш гуфт, ки 16 феврал Рӯзи ваҳдат эълом карда шавад. Фармони Рӯзи ваҳдатро вай имзо кардааст.

"Дар ин рӯз мо парчами давлатиро овезон мекунем, матои кабуду зард мепӯшем ва ба ҳамаи дунё ваҳдати худро ба намоиш мегузорем", - гуфт Зеленский дар муроҷиаташ.

Нашрияи олмонии Spiegel ва чанд расонаи дигар хабар доданд, ки рӯзи 16 феврал эҳтимол аст, Русия ба Украина ҳамла кунад.

"Мо чизе ки дар муқобил бигзорем, дорем, артиши хуб дорем, бачаҳои мо таҷрибаи олии ҷангӣ ва силоҳи муосир доранд, ин аллакай ба маротиб артиши нерумандтар аз ҳашт соли пеш аст", - афзуд Зеленский. Вай дар идомаи муроҷиаташ гуфт, ки Донбассу Қрим, қатъиян бо роҳи динамикӣ, ба ҳайати Украина бармегарданд.

Намояндагони расмии ИМА ва чанде дигар аз кишварҳо гуфтанд, ки ҳамлаи Русия ба Украина дар ҳафтаи ҷорӣ эҳтимол дорад. Бо ин вуҷуд гуфта мешавад, ки то ҳол итминони комил мавҷуд нест, ки Русия дар воқеъ метавонад, ҳамла кунад. Роҳбарони кишварҳои Ғарб мегӯянд, роҳи дипломатӣ ҳамоно боз аст.

Русия мавҷудияти нақшаи ҳамларо рад мекунад. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия рӯзи душанбеи 14 феврал дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки ҳоло машқҳои низомии густарда идома доранд, аммо ба зудӣ қисме аз машқҳо ба поён мерасанд.

XS
SM
MD
LG