Ссылки доступа

Сарвазир: Қирғизистон бо "Сентерра" ба созиш расид


Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 15 феврал дар як нишасти хабарӣ нигаронии бархе аз вакилони порлумони ин кишварро аз ошкор нашудани маълумотҳо дар бораи кони тилои "Қумтор" шарҳ дод.

Ба гуфтаи Жапаров, ҷонибҳои баҳс бар сари кони "Қумтор" ба тавофуқ расидаанд ва қарор аст, ин масъала то миёнаҳои моҳи марти соли равон ҳалли худро ёбад.

"Баъди ҳалли масъала ҳамаи маълумот расонаӣ мешавад. Вақте мо дар кони тило мудири берунӣ таъйин кардем, дар ҳисоби он 48 ҳазор доллар буд. Онҳо медонистанд, ки Қирғизистон имрӯз ё фардо конро бозпас мегирад ва бинобар ин, барои рафтан омодагӣ дида буданд. Пулҳоро дар дигар ҳисобҳо нигаҳ медоштанд. Дар поёни сол ҳаҷми даромади холис аз кон ба 220 млн доллар расид", - изҳор дошт раиси Девони вазирони Қирғизистон.

Жапаров ҳамчун ба суол дар бораи он ки тилои истихроҷшуда аз "Қумтор" ба куҷо содир мешавад, посух дод. Ба гуфтаи ӯ, тилои истихроҷшуда дар Қирғизистон мемонад, то шаҳрвандони он кишвар тавонанд онро харидорӣ кунанд.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашид.

XS
SM
MD
LG