Раиси Кумитаи давлатии омори Туркманистон 11 феврал дар ҷаласаи ғайринавбатии "Халқ маслиҳатӣ" хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир барои шумориши пурраи аҳолии ин кишвар омодагӣ дида мешавад.
Ба гуфтаи раиси кумита, аз 17 то 27 декабри соли 2021 шумориши санҷишии аҳолии Туркманистон тавассути технологияҳои рақамӣ анҷом дода шуд. Вале натиҷаи он расонаӣ нашуд.
Мақомоти Туркманистон шумори умумии аҳолии худро бори охир соли 2006 эълон карда буданд. Он замон гуфта шуд, ки Туркманистон беш аз 6,7 млн аҳолӣ дорад.
Бахши туркмании Радиои Озодӣ моҳи июли соли 2021 хабар дода буд, ки шумори аҳолии Туркманистон 2,7 миллион нафар, яъне то ба сатҳи солҳои 1980-ум кам шудааст. Ба иттилои радио, ин арзёбиро ниҳодҳое кардаанд, ки масъули ҳисоби шумори аҳолӣ дар Туркманистон ҳастанд.
Дар омори Бонки ҷаҳонӣ, ки ба иттилои расмӣ такя мекунад, аҳолии Туркманистон дар соли 2018 5,8 миллион нафарро ташкил медиҳад.