Ин ниҳод ҳарчанд санаи дақиқи баргардонидани пулҳоро нагуфтааст, вале афзуда, ки моҳи майи соли 2020 низ дороиҳои Каримоваро дар ҳаҷми 10 миллион доллар аз Фаронса ба Узбекистон баргардонида буд.
Вазорат афзудааст, ки мақомоти Узбекистон дар ҳоли ҳозир барои баргардонидани дороиҳои боқимондаи духтари Ислом Каримов, президенти нахустини он кишвар бо ҳамтоёни худ аз ИМА, Швейтсария, Фаронса, ИМА, Русия ва кишварҳои дигар гуфтугӯ мекунанд.
Рӯзи 18 марти соли 2020 додгоҳи Тошканд Гулнора Каримоваро ба 13 солу 4 моҳи зиндон ҳукм кард. Каримова дар Узбекистон ба ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ, ғорат, инчунин қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноӣ бадастомада айбдор шудааст.