Дар ин бора вакили дифои фаъоли мадании қазоқ Мурат Жолшиев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст.
Модари Амиров - Шарипа Ниёзова моҳи декабри соли гузашта хабар дода буд, ки писари ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қасди худкушӣ кардааст. Сипас Амировро ба боздоштгоҳи тафтишотии рақами 167/11-и Вазорати умури дохилии Қазоқистон интиқол доданд.
Ба гуфтаи Жолшиев, ӯ ҳамроҳи модари фаъоли маданӣ дархост карданд, ки Амиров аз ташхиси равонӣ гузаронида шавад ва додситонию маъмурияти зиндон ин дархостро пазируфтаанд.
Додгоҳ баррасии парвандаи Амировро 25 январи соли равон оғоз кардааст. Зидди ӯ бар асоси се банд, "барангехтани бадбинии иҷтимоӣ", "таблиғи терроризм" ва "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" айб эълон шудааст. Модари Амиров мегӯяд, писараш касали руҳӣ аст.