Ссылки доступа

ИМА аз шаҳрвандонаш хост, Белорус, Молдова ва Приднестроверо тарк кунанд


Амрико дар пасманзари таҳдиди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина аз шаҳрвандони худ хост, Белорус, Молдова ва Приднестроверо тарк кунанд.

Дар огоҳиномае, ки дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА нашр шудааст, гуфта мешавад, шаҳрвандони Амрико ба далели "нигарониҳои ғайриодӣ" аз афзоиши нерӯҳои низомии Русия дар марз бо Украина ба Белорус сафар накунанд. Ҳамчунин амрикоиҳое, ки дар Белорус қарор доранд, бояд фавран он кишварро тарк кунанд.

Департаменти давлатии ИМА 31 январи соли равон ба хонаводаи дипломатҳои амрикоӣ дастур дода буд, ки Белорусро тарк кунанд.

Ҳамчунин ба шаҳрвандони Амрико тавсия дода шудааст, ки ба далели нигарониҳо аз фаъолиятҳои низомии ахири Русия ба Молдова ва Приднестрове сафар накунанд.

Пештар ҳудуди 40 кишвар аз шаҳрвандони худ талаб карда буданд, ки Украинаро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG