Ссылки доступа

Зиндонии сиёсии пешини Туркманистон Гелдӣ Кяризов даъвои президентӣ дорад


Гелдӣ Кяризов, зиндонии сиёсии пешини Туркманистон мехоҳад, барои нишастан дар курсии президентии он кишвар мубориза барад. Навори муроҷиати вай дар сомонаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Туркманистон" нашр шуд.

Ба гуфтаи Кяризов, вай баъди он чунин тасмим гирифтааст, ки писари президенти кунунии Туркманистон ба мақоми президентӣ номзад шудааст.

Мухолифи ҳукумати Туркманистон гуфт, ӯро "ба таври меросӣ, мисли сулолаи фиръавнҳо" идора кардани кишвараш хашмгин кардааст.

"Амалан онҳо бештар аз як сол аст, ки кишварро идора мекунанд, ҳар кадоме қасри худ ва ҳавопаймои президентии худро дорад. Яъне, онҳо комилан кишварро тақсим кардаанд. Мо ҳамаи инро мебинем, аммо мутаассифона, бештари сокинони кишвар ба ин бовар намекунанд, он чи ҷараён дорад, ба ақлу қалби сокинон намеғунҷад", - гуфт Кяризов. Вай аз интихобкунандагон даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва дар якҷоягӣ "золим"-ро мағлуб созанд.

Гелдӣ Кяризов дар замони президентии Сафармурод Ниёзов вазари асп буд. Соли 2002 ӯро бо айби сӯистифода аз мақом ва қочоқи асп 6 сол зиндонӣ карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, парвандаи Кяризов ангезаи сиёсӣ дошт. Вай бештар аз 5 сол дар зиндон буд ва шиканҷа шуд. Соли 2007, баъди марги Ниёзов, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Кяризовро афв кард. Вай танҳо дар соли 2015 имкон ёфт, ки Туркманистонро тарк кунад. Айни замон дар хориҷ аз Туркманистон зиндагӣ дорад.

Дар Туркманистон рӯзи 12 март интихоботи ғайринавбатӣ доир мешавад. Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов яке аз номзадҳои ин интихобот аст.

XS
SM
MD
LG