Ссылки доступа

Шоҳзодаи бритониёӣ Эндрю ҷанҷоли шаҳвониро ҳал кард


Принц Эндрю
Принц Эндрю

Писари дувуми маликаи Бритониё Елизаветаи II шоҳзода Эндрю парвандаи марбут ба хушунати ҷинсиеро то расидан ба додгоҳ ҳал кард, ки нисбаташ дар ИМА боз шуда буд.

Би-би-сӣ менависад, шоҳзода "ба фоидаи Вирҷиниа Ҷуффре пардохти азим"-е кардааст.

Шаҳрванди Амрико Вирҷиниа Ҷуффре шоҳзода Эндрюро дар хушунати ҷинсӣ айбдор карда буд. Ба гуфтаи Ҷуффре, вай бо Эндрю замоне алоқаи ҷинсӣ дошт, ки ноболиғ буд.

Шоҳзода Эндрю борҳо ин айбро рад кардааст. Ибтидои соли ҷорӣ вай, дар пайи ин парванда, аз имтиёзҳои шоҳӣ даст кашид.

XS
SM
MD
LG