Ссылки доступа

Муҳоҷирони дармондаи узбекро аз Русия бо қатораҳои махсус ба ватан бармегардонанд.


Ширкати "Роҳи оҳани Узбекистон" муҳоҷирони дармондаи ин кишварро аз шаҳри Волжскийи Русия тавассути қатораҳои махсус ба ватан бармегардонад.

Дар ширкат гуфтанд, ки ду қатораи махсус рӯзҳои 18 ва 25 феврали соли равон муҳоҷиронро аз Русия ба Узбекистон интиқол медиҳанд.

Манбаъ афзуда, ки билети ин қатораҳо танҳо ба як самт - "Волжский – Тошканд" фурӯхта хоҳад шуд.

Узбекистон чандин бор аст, ки шаҳрвандони дармондаи худро аз Русия бо қатораҳои махсус ба ватан бармегардонад.

XS
SM
MD
LG