Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон аз талабҳои нави Русия ба муҳоҷирон нигаронанд


Як қатор вакилони порлумони Қирғизистон 16 феврал дар ҷаласае аз талаботи нави Русия ба муҳоҷирони корӣ дар он кишвар нигаронӣ карданд.

Аз ҷумла, вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев гуфтааст, талаботи нав ба муҳоҷирони кории ин кишвар мушкилотеро пеш меорад ва бояд ин масъала дар сатҳи раҳбарони ду давлат баррасӣ шавад.

"Ҳазорҳо одам барои гузаштан аз ташхиси ҳатмии тиббӣ, ки 6 ҳазор рубли русӣ харҷ дорад, навбат истодаанд. Ҳар семоҳа бояд аз он гузаранд. Президенти мо бояд аз ҳамтои руси худ пурсад, ки муҳоҷирони қирғиз он кишварро тарк кунанд ё шаҳрвандии Русияро дарёфт кунанд. Ин масъала бояд ошкоро баррасӣ шавад", - афзуд ӯ.

Мақомоти Русия ахиран барои муҳоҷирон талаботи нав ҷорӣ карданд. Сухан аз гузариши ҳатмии муоинаи тиббӣ, сабти изи ангушт ва аксбардорӣ меравад. Шаҳрвандони хориҷие, ки вориди он кишвар мешаванд, дар давоми 30 рӯз бояд аз ин ташхисҳо гузаранд.

XS
SM
MD
LG