Ссылки доступа

Дар Узбекистон онҳое, ки иншооти мероси фарҳангиро тахриб мекунанд, зиндонӣ мешаванд


Қонуни нави Узбекистон барои тахриб ё осеб расондан ба иншооти мероси фарҳангии моддӣ, ки таҳти ҳимояти давлат қарор дорад, то 7 соли зиндон пешбинӣ кардааст.

Бино ба хабари сомонаи "Иттилои ҳуқуқӣ", қонуни нав 15 феврал аз сӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев имзо шудааст.

Бар асоси тағйироти ахир ба банди 132 Кодекси ҷиноии Узбекистон, шахсоне, ки иншооти мероси фарҳангии моддиро тахриб ё ба он осеб мерасонанд, ба муҳлати аз 5 то 7 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин барои риоя накардани қарорҳои Оҷонси мероси фарҳангии Узбекистон ва шӯъбаҳои ҳудудии он ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима ба маблағи аз $75 то $124 пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG