Ссылки доступа

Мансабдорони қазоқистониро барои сарватандузии ғайриқонунӣ ҷазо медиҳанд (видео)


Порлумони Қазоқистон тарҳи қонун дар бораи мубориза бо фасодро қабул кард. Ин қонун муҷозоти мансабдорон ва аз кор рондани онҳоеро пешбинӣ мекунад, ки харҷҳояшон аз даромадҳои қонуниашон зиёдтар аст.

Муқоисаи даромадҳо ва харҷҳои ходимони давлатӣ ва ҳамсарони онҳоро танҳо аз соли 2026 шуруъ мекунанд ва ҷаримаву аз кор рондани мансабдорон бар асоси қонуни нав аз соли 2027 оғоз мешавад.

Тарҳи қонун ҳамчунин кафолати пинҳон мондани шахсеро додааст, ки дар бораи фасодкорӣ маълумот медиҳад.

Мансабдорон ва ҳамсарони онҳоро дар Қазоқистон шуруъ аз 1 январи соли 2021 вазифадор карда буданд, ки дар бораи даромад ва дороиҳои худ эъломия супоранд. Дар он кишвар нақша доранд, то соли 2025 супоридани эъломияро дар бораи даромадҳову дороиҳо барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ гардонанд.

Ба ин тартиб, дар соли 2021 ҳудуди 500 ҳазор ходими давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо дар Қазоқистон аз дороиҳои худ маълумот додаанд. Мақомоти Қазоқистон ваъда дода буданд, ки эъломияҳоро тафтиш нахоҳанд кард, зеро ҳадаф аз ҷамъоварии эъломияҳо қонунигардонии даромадҳо аст.

XS
SM
MD
LG