Ссылки доступа

Омӯзгорони Туркманистон вазифадор шуданд, Сардор Бердимуҳаммадовро дар дарсҳо таъриф кунанд (видео)


Сериал "Династия": 5 фактов о Сердаре Бердымухамедове, которому отец передает пост президента Туркменистана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:35 0:00

Дар вилояти Лебапи Туркманистон омӯзгорони мактабҳоро вазифадор карданд, ки ҳангоми дарсҳо дар бораи "роҳи зиндагӣ ва дастовардҳо, хусусиятҳо (некуӣ, меҳнатдӯстӣ, ақли гиро)-и Сардор Бердимуҳаммадов, писари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов нақл кунанд".

Ба навиштаи нашрияи "Хроника Туркменистана", чунин дарсҳо аз рӯзи душанбеи 14 феврал ва дар тамоми мактабҳои Лебап шуруъ шудаанд.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Туркманистон 12 март баргузор хоҳад шуд. Маъракаи интихоботӣ аз рӯзи 14 феврал оғоз гардид. Ҳоло чаҳор кас номзадиашон ба интихобот пешбарӣ кардаанд: Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти амалкунанди Туркманистон, зиндонии сиёсии пешин Гелдӣ Кяризов ва Агадҷон Бекмуродов, муовини ҳокими вилояти Марии Туркманистон.

XS
SM
MD
LG