Ссылки доступа

Президенти Узбекистон дастур дод, ба сокинон бузу гуспанд тақсим кунанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 16 феврал дар ҷаласае бахшида ба рушди соҳаи чорвопарварӣ дастур додааст, ки дар давоми даҳ рӯз 350 ҳазор буз ва гуспанд дар асоси ташкили хоҷагиҳои чорвопарварӣ ба сокинон тақсим карда шавад.

Ба иттилои Мирзиёев, барои нигаҳдории буз ва гуспандҳое, ки барои сокинон тақсим мешаванд, аз буҷаи давлати Узбекистон 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо хоҳад шуд.

Мансабдорони соҳаҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо раҳбарони вилояту ноҳияҳои Узбекистон вазифадор шудаанд, ки давоми даҳ рӯз 67 хоҷагии бузурги чорвопарвариро ташкил кунанд.

Интизор меравад, раҳбарони вилояту ноҳияҳои Узбекистон солона 150 ҳазор одамро ба чорводорӣ ҷалб кунанд.

XS
SM
MD
LG