Ссылки доступа

Додситонии Қазоқистон: дар робита ба "ҳаводиси январ" 741 кас дар ҳабсанд


Додситони кулли  Қазоқистон Елдос Килимжанов 16 феврал дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки роҷеъ ба “шеваҳои ғайриқонунии тафтиш” ва шиканҷаи гумонбарон дар бетартибиҳои аввали моҳи январи соли равон 363 шикоят дарёфт кардаанд.

Ба гуфтаи Килимжанов, аз ин миён, 178 шикоятро Хадамоти мубориза бар зидди коррупсияи Қазоқистон тафтиш мекунад.

“Додситонҳои махсус 8 парвандаро меомӯзанд. Баъзе аз ин парвандаҳо ба боздоштшудаҳо дар варзишгоҳи “Динамо”-и Атирау, шикояти шаҳрванд Ботирбоев, зуроварии Есбулатови ноболиғ дар шуъбаи пулиси Алмато рабт доранд. Ҳамаи парвандаҳо таҳти назорат ҳастанд”, - изҳор дошт додситони кулли Қазоқистон.

Бино ба иттилои Килимжанов, дар робита ба бетартибиҳои моҳи январ дар Қазоқистон 741 кас дастгир шуда, дар боздоштгоҳ қарор доранд. Дар миёни онҳо, гӯиё 113 маҳбуси собиқ, 35 узви гуруҳи ҷиноӣ ва 42 узви созмонҳои мамнуъ ҳастанд.

Пештар Кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дода буд, ки 728 кас бо гумони иштирок дар бетартибиҳои моҳи январ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG