Ссылки доступа

Рахнагарон аз Узбекистон ба сомонаҳои хадамоти давлатии Украина ҳамла кардаанд


Вазири табдили рақамии Украина Михаил Федоров хабар дод, ки 15 феврали соли равон ба бахши хадамоти давлатӣ ва бонкии ин кишвар аз чандин давлат ҳамлаи ҳакерӣ шудааст.

"Нуқтаи оғози ҳамлаҳо Русия ва Чин буданд. Мутахассисони мо ин ҳамлаҳоро зуд хунсо карданд. Вале ҳамлаҳои баъдӣ тавассути Чехия ва Узбекистон идома ёфтанд. Ин ҳамлаҳо низ хунсо шуданд. Худи корбарон ҳамлаҳоро эҳсос накарданд", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи вазир, сомонаҳои Вазорати дифоъ, Қувваҳои мусаллаҳ, "Приватбонк" ва "Ошадбонк"-и Украина низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG