Коршиносони амрикоӣ ҳушдор медиҳанд, ки ҳамлаи густардаи Русия ба Украина метавонад ба як масъалаи муҳими сиёсӣ барои раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ва Ҳизби демократ табдил ёбад. Зеро ба гуфтаи онҳо, афзоиши ногузири нархи бензин яке аз паёмадҳои ҳамла хоҳад буд.
Нархи бензин дар ИМА дар давоми як сол 40 дарсад ва дар як моҳи ахир 6 дарсад гаронтар шудааст. Ба ҳисоби миёна, ҳоло нархи як литр бензин дар Амрико ҳудуди 1 доллар аст. Дар сурати сар задани ҷанг миёни Русия ва Украина интиқоли нафт аз Русия зери хатар қарор мегирад.
Президенти ИМА Ҷо Байден дар паёми рӯзи сешанбеаш амрикоиҳоро боваркунонид, ки маъмурияти ӯ барои пешгирӣ аз гароншавии нархи бензин дар Амрико тамоми абзорҳои худро истифода мекунад.