Ссылки доступа

Ноиб-вазир: масъалаи сохтмони неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон то охири сол ҳал мешавад


Жандос Нурмаганбетов, ноиб-вазири энержии Қазоқистон гуфт, ки масъалаи сохтмони неругоҳи атомӣ дар ин кишвар то охири соли ҷорӣ ҳал мешавад.

Ба гуфтаи вай, сохтмони неругоҳ дар ҳоли "баррасӣ" аст ва майдоне, ки бояд онҷо сохта шавад, ҳоло интихоб нагардидааст.

Пештар мақомот макони эҳтимолии ҷойгиршавии неругоҳи атомиро шаҳраки Улкен дар вилояти Алмато номида буданд. Ноиб-вазир Нурмаганбетов гуфт, майдонҳои дигар ҳам дар ҳоли баррасӣ ҳастанд.

Вай дар посух ба ин суол, ки бархе кишварҳо аз неругоҳҳои атомӣ даст мекашанд, чаро Қазоқистон сохтмони онро рӯи даст гирифтааст, гуфт, "сад дарсадӣ ба энержии сабз гузаштан имкон надорад".

Гуфтумонҳо оид ба сохтмони неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон аз охири солҳои 1990 идома доранд. Вале танҳо дар чанд соли охир бештар шудаанд. Моҳи апрели соли 2019 президенти Русия Владимир Путин дар дидор бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, Русия омода аст, дар сохтмони неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон кӯмак кунад.

Мушовирони байналхалқии энержӣ ва чанде аз коршиносони қазоқистонӣ фаъолияти неругоҳои атомиро "пурхатартар, гаронтар ва дар мубориза бо тағйирёбии иқлим бетаъсир" унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG