Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғиз Семетей Талас уулу боздошт шуд


Рӯзноманигор Семетей Талас уулу 18 феврал аз сӯи маъмурони амниятии Қирғизистон боздошт ва ҳудуди 2 соат бозпурсӣ шудааст.

Манзили зисти Семетей Талас уулу бозҷӯӣ ва тамоми китобҳои динии вай мусодира гаштаанд.

Худи рӯзноманигор баъди бозпурсӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дақиқ гуфта наметавонад, ки дар робита ба кадом парванда бозпурсӣ шудааст.

Дар хадамоти матбуотии Кумитаи амнияти милли Қирғизистон гуфтанд, ки рӯзноманигорро барои паҳн кардани маводи экстремистӣ дастгир карданд. "Дар ҳоли ҳозир бо банди "Паҳн кардани маводи экстремистӣ тафтишот идома дорад", - афзуданд дар кумита.

Семетей Талас уулу як рӯзноманигори мустақил аст, ки бештар дар бораи ҷиноятҳои муташаккил ва фасодкорӣ менависад.

XS
SM
MD
LG