Ссылки доступа

К. Ласслет: ширкатҳои шаҳрдори Тошканд аз ҳисоби тарҳҳои давлатӣ миллионҳо доллар даромад доранд


Профессори криминалистии бритониёӣ, муаллифи як қатор китобҳо дар бораи фасодкорӣ ва "клептократия" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо Кристиан Ласслет изҳороти ахири шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро як навъи кӯшиши ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа аз мушкилоти доғ ба дигар самт номид.

Ортиқхоҷаев 16 феврал дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, "дар давраи шаҳрдории худ ҳеч гуна маблағеро аз буҷаи давлат азхуд накардааст ва ширкатҳои марбут ба ӯ низ як қисми даромади худро ба ободонии пойтахти Узбекистон сарф мекунанд".

Ласслет, ки чандин сол мешавад, роҷеъ ба тиҷорати Ортиқхоҷаев таҳқиқот анҷом медиҳад, гуфт, "шояд шаҳрдори Тошканд ҳеч гуна пули буҷаи давлатро азхуд накарда бошад, вале то он даме, ки ӯ дар мақоми шаҳрдор аст, ширкатҳои марбут ба вай лоиҳаҳои чандинмиллионии давлатиро бидуни баргузории озмуне соҳиб мешаванд".

Ба гуфтаи Ласслет, дар ин замина санадҳое зиёде ҳастанд ва тафтиши асноди ширкатҳои бинокорӣ, ки дар сохтмони роҳ, пул, мактаб ва лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ ба монанди "Tashkent city" иштирок доранд, рабт доштани онҳоро ба шаҳрдори Тошканд нишон медиҳад. "Ин далелҳо исбот мекунанд, ки Ортиқхоҷаев барои афзоиши дороиҳои ширкатҳои худ аз мақоми давлатияш сӯистифода мекунад", - афзудааст ӯ.

"Akfa" ва "Artel", ки муассиси онҳо Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аст, яке аз ширкатҳои монополист дар бахши сохтмон ва истеҳсоли техникаҳои маишӣ дар Узбекистон шумурда мешаванд.

XS
SM
MD
LG