Ссылки доступа

РСЕ/РС талошҳояшро барои муҷозот шудани Русия идома медиҳад


Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РСЕ/РС) ва мудири кулли он зидди мақомоти Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо шикоят карданд.

Дар ин шикоят аз додгоҳ дархост шудааст, ки амали мақомоти Русия, аз ҷумла шомил кардани тарҳҳои рӯзноманигории русзабони радиоро ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" баррасӣ кунад.

Масъулони радио гуфтаанд, қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия ва таҳримҳои дар асоси он ҷоришуда хилофи банди 10-и Конвенсияи Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба озодии баён аст.

Ҳамчунин дар шикоят гуфта шудааст, ки фазои кори рӯзноманигорон дар Русия то рафт бадтар мешавад. Ҳамчун намуна 60 огоҳиномаи имейлии "Роскомнадзор", ниҳоди нозир бар фаъолияти расонаҳо дар Русия ба унвонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ оварда шудааст.

"Роскомнадзор" бо ирсоли ин огоҳиномаҳо ахиран шоми шанбе, 4-уми феврал, таҳдид карда буд, ки агар радио мақолаҳои вобаста ба таҳқиқоти сиёсатмадори зиндонӣ – Алексей Навалнийро "фавран" аз сомонаҳояш "ҳазф" накунад, ҳафт сомонаи он дар Русия, Украина ва Осиёи Марказӣ дастнорас хоҳад шуд.

Дар миёни мақолаҳо таҳқиқот дар мавриди "қаср"-и раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Баҳри Сиёҳ низ ҳаст. Мақолаҳои дигар ба тоҷири наздик ба Кремлин, Евгений Пригожин ва усқуф Кирилл ва мансабдорони баландпояи ниҳодҳои қудратии Русия рабт доранд.

Радиои Озодӣ ин талабро, ки ба гуфтаи президенти радио, Ҷейми Флай, "сензураи сиёсӣ аст", иҷро намекунад.

XS
SM
MD
LG