Ссылки доступа

Қирғизистон роҷеъ ба қоидаҳои нави муҳоҷират ба Русия нота фиристод


Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Москва 17 феврал дар робита ба ҷорӣ шудани қоидаҳои нави муҳоҷират ба Вазорати умури хориҷии Русия нота фиристодааст.

Дар нота гуфта шудааст, ки ба иҷро даромадани муқаррароти нави муҳоҷират, аз ҷумла ҳатмӣ шудани муоинаи пизишкӣ ва сабти изи ангушт дар марказҳои Москва ва вилояти Москва навбатпоиҳои тулониро ба миён оварда, муҳоҷиронро бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

"Сафорат дар нота аз Вазорати умури хориҷии Русия дархост кард, ки барои ташкили долони алоҳида барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳангоми гузаштан аз муоинаи пизишкӣ ва супоридани изи ангушт дар марказҳои дахлдор, аз ҷумла маркази муҳоҷирати "Сахарово" мусоидат кунад", - омадааст дар хабари сафорат.

Аз 29-уми декабри соли гузашта мусофироне, ки бо ҳадафи бештар аз 30 рӯз мондан вориди Русия мешаванд, бояд аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва изи ангушт супоранду акс гиранд. Дар ташхиси тиббӣ истифода кардан ё накардани маводи мухаддир ё доруҳои мадҳушкунанда, инчунин, бемориҳои гузаранда муайян карда мешавад. Дар сурати риоя накардани ин талабот, муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кам карда хоҳад шуд. Ин тартибот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони корӣ рабт дорад.

XS
SM
MD
LG