Ссылки доступа

HRW гуфт, талошҳои Нурсултон барои таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январ кофӣ нестанд


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ( HRW) мегӯяд, чораҳои андешидаи Нурсултон баъди ҳодисаҳои моҳи январ аз "тафтишоти мустақили зарурӣ"-е, ки бештари шарикони Қазоқистон ва СММ интизор доранд, "хеле дур" аст.

Мудири HRW дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хю Уилямсон 18 январ бо нашри як матлаб дар сомонаи Eurasianet.org гуфтааст, ҳукумати Қазоқистон дар таҳқиқи дурусти поймолшавии ҳуқуқи инсон бояд манфиатдор бошад, зеро дар ғайри сурат, суханҳои президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи кӯшишҳои барқарорсозии адолат "ваъдаҳои хушку холӣ" хоҳанд буд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Қазоқистон дар бораи парвандаҳо, тафтишоти додситониҳо, мониторинги ваколатдори ҳуқуқи инсони он кишвар ва механизми миллии пешгирӣ аз шиканҷа хабар медиҳад. "Вале ҳеч кадоме аз ин ниҳодҳо намегӯяд, ҳолатҳои мушаххасеро таҳқиқ дорад, ки боиси кушта шудани 227 нафар шудааст", - навиштааст Уилямсон.

Ӯ афзудааст, ки HRW дасти кам чаҳор ҳолати истифодаи нерӯ аз сӯи маъмурони амниятиро дар рӯзҳои 4 то 6 январи соли равон муайян кардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ баъди омӯзиши даҳҳо видео ба хулосае расидаанд, ки дар натиҷаи чаҳор ҳолати мазкур на камтар аз 10 одам кушта шудааст. "Ин кушторҳо бояд тафтиш карда шаванд", - афзудааст Уильямсон.

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

Кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 728 кас бо гумони иштирок дар бетартибиҳои моҳи январ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG