Ссылки доступа

Аъзои ИИАО иҷрои тарҳи "Авруосиё агроэкспресс"-ро баррасӣ карданд


Кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) имкони татбиқи лоиҳаи муштараки ҳамлу нақли босуръати маҳсулоти кишоварзиро тавассути роҳи оҳан - "Авруосиё Агроэкспресс"-ро баррасӣ карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, ин масъала дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои комиссияи иқтисодии Авруосиё таҳти раҳбарии муовини аввали девон Орзубек Кожошев баррасӣ карда шудааст.

Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, иштирокдорон дар ҷаласаи шӯро 27 масъала, аз ҷумла дурнамои рушди низоми иттилоотии ҳамгироишудаи ИИАО, эътирофи гувоҳномаи ваксинаи кишварҳои ҳампаймон дар доираи созмонро муҳокима намудаанд.

Ёдрас мешавем, тирамоҳи соли 2021 хабар дода шуд, ки Узбекистон ва Русия мехоҳанд, ҳаракати қатораи "Агроэкспресс"-ро аз шаҳри Тошканд ба Москва роҳандозӣ кунанд. Ин қатора маҳсулоти кишоварзиро аз Узбекистон нахуст ба Қазоқистон ва сипас ба Русия интиқол медиҳад.

Қирғизистон дертар эълом кард, ки мехоҳад, ба ин тарҳ бипайвандад.

XS
SM
MD
LG