Ссылки доступа

Вазири дифои пешини Қазоқистон боздошт шуд


Мурод Бектанов
Мурод Бектанов

Вазири дифои пешини Қазоқистон Мурод Бектанов бо айби беамалӣ дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки ибтидои моҳи январ дар он кишвар сурат гирифтанд, боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Бектанов аз моҳи августи соли 2021 ба ин сӯ вазири дифои Қазоқистон буд. Ӯ 19 январи соли равон, дар авҷи эътирозҳо бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз мақомаш барканор шуд.

Ибтидои моҳи январ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди якбора боло рафтани қимати гази моеъ сокинон ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо Алмато ва чандин шаҳри дигари Қазоқистонро низ фаро гирифта, ба бетартибиҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳ печиданд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки бетартибиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд. Далели қонеъкунандаи дар ин маврид то кунун нашр нашудааст. Дар натиҷаи он бетартибиҳо 227 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG