Ба иттилои сафорати Қирғизистон дар Русия, дар "Сахарово" даромадгоҳи махсус барои шаҳрвандони Қирғизистон боз шудааст, ки "бидуни навбатпойӣ метавонанд, ворид шаванд ва санадҳояшонро сабт кунанд".
Рӯзи 17 феврал Қирғизистон дар робита ба ҷорӣ кардани тартиботи нав барои муҳоҷирон ба ҷониби Русия нота ирсол карда буд. Қирғизистон дар нота гуфта буд, ки анҷоми ташхиси тиббӣ ва сабти изи нагушт барои муҳоҷирони Қирғизистон душворӣ ба бор овардааст.
Шуруъ аз 29 декабри соли 2021 Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия мераванд, талаботи нав ҷорӣ кард. Аз ҷумла, муҳоҷирон вазифадор шуданд, ки дар давоми 30 рӯзи баъди вуруд аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва изи ангушту акс супоранд.