Манъи содироти гӯшт аз Қазоқистон моҳи ноябри соли 2021, дар пайи хушксолӣ ва талафоти чорво, ҷорӣ шуда буд.
Ҳоло ки вазъ дар бисёре аз минтақаҳои Қазқоистон беҳбуд ёфтааст, чорвопарварон мегӯянд, фурӯши гӯшт дар дохили кишвар фоидаовар нест, зеро нархи онро ба таври сунъӣ пойин овардаанд. Чорвопарварон мехоҳанд, гӯштро ба Узбекистон содир кунанд. Узбекистон ҳар кило гӯшти қазоқистониро 10 доллари ИМА мехарад, дар ҳоле, ки дар Қазоқистон як кило гӯшт 6 доллар арзиш дорад.
Чорвопарварон мегӯянд, манъи содироти гӯшт бисёре аз онҳоро ба варшикастагӣ наздик овардааст.