Ссылки доступа

Вазорати маорифи Узбекистон аз мақомоти маҳаллӣ хост, ба омӯзгорон фишор наоранд


Вазорати маорифи халқии Узбекистон баъди ҳодисае бо омӯзгорон дар ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони он кишвар, аз роҳбарони ноҳияҳо ва шаҳрҳо хост, ки ба таҳқири омӯзгорон роҳ надиҳанд.

Дар номаи вазорати маорифи он кишвар аз 15 феврал омадааст, маҷбур кардани омӯзгорон ба корҳое, ки шомили вазифаҳои касбии онҳо нестанд, дахолат дар фаъолияти онҳо, таҳқири шаъну шарафи онҳо ва фишор овардан ба онҳо ҳамчун "вайронкории ошкорои сиёсати давлатӣ" баҳо дода мешавад.

Чанде пеш дар ноҳияи Марҳати Узбекистон мақомоти маорифи он ноҳия омӯзгоронро маҷбур карданд, ки барои нишондоди пасти шомилшавии хатмакардаҳо ба мактабҳои олӣ аз волидон узрхоҳӣ кунанд. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Дар натиҷа сардори маорифи ноҳия аз мақом барканор ва раиси ноҳия танбеҳ гирифт.

Дар Узбекистон бештари вақт омӯзгорон ва кормандони соҳаи тиб ба корҳое ҷалб мешаванд, ки шомили вазифаҳои хизматии онҳо нестанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ду сол пеш ба мақомот дастур дода буд, ки омӯзгорону пизишконро ба корҳои берун аз вазифаашон ҷалб накунанд. Аммо он дастур зоҳиран иҷро нашудааст.

XS
SM
MD
LG