Ссылки доступа

ИМА аз шаҳрвандонаш даъват кард, дар маҳалли ом ҷамъ нашаванд


Сафорати ИМА дар Русия аз амрикоиҳои дар ин кишвар қарордошта даъват кард, ки дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон эҳтиёткор бошанд.

Сафорат бо нашри хабаре гуфтааст, ки бино ба иттилои расонаҳо, эҳтимоли хатари ҳамлаҳо ба марказҳои тиҷорӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, метро ва дигар ҷойҳои ҷамъшавии одамон дар шаҳрҳои калон, амсоли Москва ва Санк-Петербург ҷо дорад.

Сафорат нагуфтааст, ки расонаҳо чи гуна хабар нашр кардаанд. Дар ҳафтаҳои охир дар чанд шаҳри Русия муштариҳои маконҳои ҷамъиятиро, бино ба хабарҳо дар бораи таркиш, борҳо аз биноҳо берун оварданд. Вале ҳеч кадом хабар дар бораи минкорӣ шудани биноҳо тасдиқ нашуд.

Дар хабари сафорати ИМА аз ҳамаи амрикоҳои дар Русия қарордошта хоста шудааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз эҳтиёт кор гиранд. Пештар аз департаменти давлатии ИМА аз шаҳрвандони ин кишвар хоста буд, ки аз сафар ба Русия худдорӣ варзанд.

Роҳбарияти ИМА бо такя ба иттилои иктишофӣ, мегӯяд, президенти Русия Владимир Путин эҳтимолан тасмими ҳамла ба Украинаро гирифтааст. Бо ин вуҷуд, дар Вашингтон мегӯянд, ҳамоно имкон дорад, ки Путинро ба интихоби роҳи дипломатӣ баргардонд.

Рӯзҳои охир ИМА ва Бритониё борҳо ҳушдор доданд, ки Русия метавонад, дар фурсатҳои наздик ба Украина ҳамла кунад. Русия инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG