Ссылки доступа

Бутри оби "тило", ки $50 арзиш дорад, аз они духтари шаҳрдори Тошканд аст


Дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон муассиси ширкати Murad Buildings Мурод Назаров гуфт, ки оби навъи "Ocard"-и дорои резаҳои тило ба духтари шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев тааллуқ дорад.

Соҳибкор узбекистонӣ Мурод Назаров чанде пеш дар навори таблиғотии оби "Ocard" нақши Ҷеймс Бондро бозид.

Назаров гуфт, ки идеяи сабти навори таблиғии оби "Ocard"-ро шаҳрдори Тошканд Ортиқхоҷаев пешниҳод кардааст.

"Барои сабти ин навор ду рӯз вақт сарф шуд. Бозигар будан осон набудаст", - нақл кард Назаров.

Тамғаи оби "Ocard" 23 марти соли 2021 сабт шдуааст. Ин тамғаро ширкати J-United Group LLC сабт кардааст, ки муассисаш Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев аст. Пештар расонаҳои маҳаллии Узбекистон навиштанд, ки бутрии оби "Ocard" наздики 50 доллар арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG