Ссылки доступа

Нафткашҳои қазоқро, ки шароити беҳтари корӣ мехостанд, ба додгоҳ кашиданд


Коршикании кормандони ширкати нафти "Бургилау" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо талаби шароити беҳтари корӣ рӯзи душанбе низ идома ёфт.

Эътирозгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки 13 рӯз мешавад, коршиканӣ доранд, касе ба онҳо таваҷҷуҳ намекунад.

Ба гуфтаи кормандон, онҳо аз раҳбарияти ширкат талаб доранд, ки техникаҳои фарсуда нав, пули соатҳои иловагии кор ва ҷуброни нафиристодани кудакон ба лагер пардохт шавад.

Нафткашҳо мегӯянд, чандин бор аст, бо корфармои худ мулоқот мекунанд, вале гуфтугӯҳо бенатиҷа ба поён мерасанд. Ба гуфтаи онҳо, корфармо ба ҷои ҳалли мушкил зидди кормандони норозӣ ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Дар Жанаозен ин моҳ бори чандум аст, ки сокинон тазоҳурот мекунанд. Садҳо сокини шаҳр беш аз як ҳафта дар назди бинои шаҳрдорӣ бо талаби ҷои кор таҷаммуъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG