Ба огаҳии Оҷонси муҳоҷирати меҳнатии Узбекистон, ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар, ки рӯзҳои 16-18 феврал анҷом шудааст, миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷирату шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғли аҳоливу муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон эъломияи қасди ҳамкорӣ дар бахши омӯзиши касбӣ имзо гаштааст.
Ҳамчунин ҷонибҳо эъломияи қасди ҳамкорӣ дар самти рақамисозии муносибатҳои меҳнатӣ ва идораи лоиҳаҳоро ба имзо расониданд.
"Санадҳои имзошуда ба беҳсозӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши меҳнат равона шудаанд", - афзудааст оҷонс.