Ссылки доступа

Михаил Саакашвилӣ дубора гуруснанишинии бемуҳлат эълом кард


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон рӯзи душанбе дар додгоҳи шаҳри Тифлис гуфт, тасмим гирифтааст, ки зидди поймолшавии ҳуқуқҳояш дубора гуруснанишинӣ эълом кунад.

Президенти пешини Гурҷистон, ки дар доираи панҷ парванда ба ӯ то 11 соли зиндон таҳдид мекунад, гуфт, гуруснанишинии бидуни муҳлати ӯ нишони ҳамраъйӣ бо мардуми Украина низ хоҳад буд, ки "барои озодӣ мубориза мебаранд". Саакашвилӣ дар ҳоли ҳозир шаҳрванди Украина аст.

Собиқ президенти Гурҷистон моҳи октябри соли гузашта низ гуруснашинӣ карда буд. Вай талаб кард, ки таъқиби ҷиноии ӯ қатъ шавад. Саакашвилӣ ҳангоми вуруд ба Гурҷистон боздошт шуд. Зиддаш 5 парванда таҳқиқ мешавад.

Мухолифони Гурҷистон мегӯянд, парвандаҳои Саакашвилӣ ангезаи сиёсӣ доранд. Дар ҳимоят аз Саакашвилӣ 10 вакили порлумон ва яке аз роҳбарони ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ" гуруснашинӣ эълом карда буданд.

Чанде аз сиёсатмадорони аврупоӣ ба озодии президенти пешини Гурҷистон даъват доранд. Барои озодии Саакашвилӣ президенти кунунии Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ бояд, қарори афвро имзо кунад. Аммо Зурабишвилӣ ба такрор гуфт, ки афвро имзо намекунад.

XS
SM
MD
LG