Ссылки доступа

Путин минтақаҳои ҷудоиталаби Украинаро ба расмият шинохт


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

Путин рӯзи 21-уми феврал паёми худро бо имзо кардани ҳуҷҷатҳое ба поён расонд, ки дар он аз ҳадафҳои ҷудоихоҳон пуштибонӣ мешавад. Ин иқдом метавонад хатари низоъро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони ғарбӣ зидди амалҳое ҳушдор додаанд, ки истиқлолияти Украинаро халалдор мекунанд.

Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост, ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Украина метавонад, ҳамлаи Русияро ба Украина ногузир гардонад.

Путин дар ҳоле сухан мегуфт, ки хабаргузориҳои байналмилалӣ ба нақл аз нерӯҳои Украина дар хатти пеши ҷабҳа дар шарқи Украина навиштаанд, ки гулӯлаборони мавзеи онҳо аз тарафи ҷудоихоҳон шиддат гирифтааст.

Путин дар паёмаш бе зикри далелҳо иддаои густурдаеро баён кард, ки Украина дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, забони русӣ дар Украина канор мондааст ва нақшаҳои муайяне барои аз байн бурдани калисои православии русро дар қаламрави худ дорад.

Вай гуфт, Украина як "режими лӯхтакие" аст, ки аз ҷониби қудратҳои хориҷии омехта бо сулолаҳои олигархӣ идора мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, НАТО тақозоҳои амниятии Маскав, аз ҷумла қонунгузории зидди ба НАТО пайвастани Украина ва баровардани силоҳу таҷҳизоти НАТО-ро аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ "комилан нодида гирифт".

Кремл мегӯяд, Путин пеш аз паёмаш масъалаи эътирофи истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳи Украинаро бо раҳбарони Олмон ва Фаронса баррасӣ кард. Ҳарду кишвар дар баробари қудратҳои дигари ғарбӣ аз пайомадҳои ҷиддии ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина ҳушдор додаанд.

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Ҷозеп Боррел гуфт, агар Путин ба ҷудоихоҳон истиқлол пешниҳод кунад, иттиҳод зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад намуд.

Дар ҳоле ки Путин суханронӣ мекард, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон такроран гуфт, ки Русияро "бастаи таҳримҳои азим" дар пеш буда метавонад. Вай ин иқдоми Путинро "нақзи ошкорои истиқлол ва якпорчагии Украина" номид. Эдгарс Ринкевич, вазири корҳои хориҷии Латвия гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд фавран таҳрим ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG