Ссылки доступа

Вазири пешини мудофиаи Қазоқистон ду моҳ ҳабс шуд


Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 22 феврал Мурод Бектанов, вазири пешини мудофиаи ин кишварро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бектанов бо айби беамалӣ дар ҷараёни эътирозҳои зиддиҳукуматӣ, ки ибтидои моҳи январ дар он кишвар сурат гирифтанд, боздошт шуд.

Бектанов аз моҳи августи соли 2021 ба ин сӯ вазири дифои Қазоқистон буд. Ӯ 19 январи соли равон, дар авҷи эътирозҳо бо фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз мақомаш барканор шуд.

Ибтидои моҳи январ дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон баъди якбора боло рафтани қимати гази моеъ сокинон ба эътироз баромаданд. Ин эътирозҳо Алмато ва чандин шаҳри дигари Қазоқистонро низ фаро гирифта, ба беназмиҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳ печиданд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки беназмиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд. Далели қонеъкунандаи дар ин маврид то кунун нашр нашудааст. Дар натиҷаи он бетартибиҳо 227 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG