Ссылки доступа

Паноҳандаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон бо умеди ба кишварҳои дигар рафтан зиндагӣ доранд (видео)


Афганские беженцы в Таджикистане пытаются интегрироваться, ожидая возможности уехать
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:18 0:00

Дар Тоҷикистон бештар аз 12 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ҳузур дорад. Бисёре аз онҳо нияти ба кишварҳои ғарбӣ рафтанро доштанд. Аммо ин нияти онҳо бароварда нашуд.

Ҳоло онҳо маҷбуранд, ба шароити Тоҷикистон мутобиқ шаванд. Ба шароит мутобиқ шудан тавассути маркази паноҳандагон осонтар аст. Онҷо мешавад, касб омухт ва забон ёд гирифт.

Судоба бо ду кӯдак ба Тоҷикистон омад. Вай нияти инҷо боқимонданро надорад. Умедвор аст, ба кишвари севум биравад. Судоба дар давраҳои забономӯзӣ забони англисӣ меомӯзад.

"Ба далели мушкилоти хонаводагӣ аз шавҳарам ҷудо шудам ва ба Тоҷикистон омадам. Ман умедворам, ки СММ ману фарзандонамро кӯмак мерасонад ва мо ба Ғарб меравем. Пештар падарам аз Афғонистон ба ман кӯмак мекард, ҳоло вай имкони кӯмак кардан надорад", - гуфт Судоба.

Бисёре аз 12 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ пеш аз сари қудрат омадани "Толибон" ба Тоҷикистон расидаанд ва онҳо ният доштанд, ки ба кишварҳои севум бираванд. Аммо ин корро амалӣ кардан начандон осон аст.

XS
SM
MD
LG