Ссылки доступа

Путин аз Украина хост, пайвастани Қримро эътироф кунад ва халъи силоҳ шавад


Президенти Русия Владимир Путин дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Москва гуфт, Украина барои "ҳалли дарозмуддати низоъ" бо Москва бояд пайвастани нимҷазираи Қримро эътироф ва аз шомилшавӣ ба НАТО худдорӣ карда, халъи силоҳ шавад.

Ҳамчунин Путин афзуд, ки Русия истиқлоли минтақаҳои Луҳанску Донетски Украинаро пазируфт ва аксари ҳудуди ин минтақаҳо на дар ихтиёри ҷудоихоҳон, балки таҳти идораи Киев қарор доранд.

"Мо онҳоро эътироф кардем. Ин маънои онро дорад, ки санадҳои бунёдии минтақаҳо бо шумули конститутсияшон эътироф шуданд ва дар ин конститутсияҳо ҳудуди вилоятҳо дарҷ шудааст. Мо бовар дорем, ки ҳамаи масъалаҳои баҳсӣ дар рафти гуфтугӯҳои раҳбарони ҷумҳуриҳо бо намояндагони Киев ҳалли худро меёбанд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Путин, созишномаи Минск дигар вуҷуд надорад, зеро Русия истиқлоли Луҳанск ва Донетскро эътироф кард. Вай дар посух ба суоли он ки нерӯҳои Русия то куҷо метавонанд вориди Украина шаванд, афзуд, "якум, ман нагуфтам, ки неруҳо ҳамин ҳоло мустақиман ба онҷо мераванд. Дувум, пешгӯии нақшаи мушаххаси амалиёти низомӣ ғайриимкон аст. Он аз вазъ вобаста аст".

  • Шӯрои федератсия 22 феврал дар робита ба вазъи Донбасс ба Путин иҷозати неруҳои Русияро дар хориҷ аз кишвар дод.
XS
SM
MD
LG