Ба гуфтаи ӯ, дар соли равон аз ҳисоби буҷаи давлат техникаҳои низомии замонавӣ харидорӣ ва маоши хидматчиёни ҳарбӣ баланд карда шудааст.
"Моҳонаи марзбонон ва хидматчиёни Вазорати мудофиаи Қирғизистон аз моҳи майи соли гузашта 50-70 дарсад афзоиш дода шудааст", - изҳор дошт Оқилбек Жапаров.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд, ки ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Бештари ин минтақаҳои таъйинношуда, ки сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешаванд, дар марзи Бодканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир ҳастанд.
Дар низои охир дар моҳи январи имсол аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуданд.