Ссылки доступа

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои январии Қазоқистон


Мақомоти интизомии Қазоқистон дар пайванд ба эътирозу ноамниҳои моҳи январи имсол дар ин кишвар 20 хориҷӣ, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Ному насаби шаҳрванди Тоҷикистон маълум нест. Дар Душанбе хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Омбудсмени Қазоқистон, Элвира Азимова, ба хабаргузории Tengrinews гуфтааст, "то имрӯз дар бораи бист шаҳрванди хориҷӣ маълумот дорем. 12 шаҳрванди Узбекистон, се шаҳрванди Русия, ду нафар аз Қирғизистон, якнафарӣ аз Тоҷикистону Чин ва як нафар бешаҳрванд."

Хабаргузории ТАСС рӯзи 22-юми феврал навишт, аз миёни шаҳрвандони Қирғизистон як нафар дар Тароз ва дигаре дар Уст-Каменогорск ҳастанд. "Оне, ки дар Уст-Каменогорск аст, муддати дароз дар Қазоқистон ба сар мебарад ва иҷозаи иқомат дар кишвари моро дорад," -- шарҳ додааст хонум Азимова.

Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар аввал дар миёни боздоштшудаҳо ноболиғони "16-17-сола" низ буданд. "Пас аз санҷиши додситонӣ ва бо замонати волидонашон озод карданд. Онҳо ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ, ҳамла ва тасарруфи биноҳо ва дуздии аслиҳа гумонбаранд," – шарҳ додааст ӯ.

Моҳи январи имсол сокинони вилояти Мангистау дар Қазоқистон бо норозигӣ аз болоравии нархи гази моеъ эътироз карданд. Тазоҳуроти ба ин монанд дар шаҳрҳои дигари Қзаоқистон низ сар зад, аммо дар Алмаато ба хушунат печид.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва ҳамлаи "террористони хориҷӣ" хабар дод ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост.

Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодисаҳо 227 нафар кушта шуда, ҳазорҳо каси дигар захмиву дастгир шудаанд. Пайвандони дастгиршудаҳо аз шиканҷа ва бархӯрди номуносиб бо наздиконашон шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG