Ссылки доступа

Олимони Узбекистон барои пешгирии коронавирус шири махсус сохтанд


Олимони Узбекистон аз вазорати рушди навовариҳо барои мубориза бо вабои коронавирус шири махсус ихтироъ карданд.

Онҳо бо роҳи воксинзании ҳайвонҳои хонагӣ - гов ва буз - чунин ширро ҳосил кардаанд.

Муҳаққиқон умед доранд, ки бо нӯшидани ин шир ҳадди ақал қисме аз сокинон аз мубтало шудан ба коронавирус ҳифз хоҳанд шуд.

Консепсия ва натиҷаи пажуҳишро барои дарёфти патент ба Оҷонси моликияти зеҳнии вазорати адлияи Узбекистон ирсол кардаанд.

XS
SM
MD
LG